27 Феврал 2024 - 20:02
Истиқболи Эрон аз тақвияти ҳамкориҳо бо Венасуэла дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷорӣ

Вазири умурхориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тақвияти ҳамкориҳо бо Венасуэла дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷорӣ истиқбол мекунад.

Ба гузориши идораи кули итилоъи расонӣ ва умури сухангуи Вазорати умури хориҷа, Ҳусейн Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори Эйвонхил Пинту, вазири хориҷаи Венасуэла дар ҳошияи панҷовупанҷумин нишаст шурои ҳуқуқи башари Созмони Милал ва конфаронси халъи силоҳ дар Женеваи Швейтсария бо таъкид бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар мудохилоти Амрико дар умури дохилии Венасуэла бавижа дар масоили муртабит бо интихоботи ин кишварро маҳкум карду афзуд Эрон аз ҳақи интихоби миллати Венасуэла бидуни мудохилаи хориҷи ҳимоят мекунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳои ҳосила дар равобити Теҳрон-Каракас ва имзои 19 санади ҳамкорӣ аз ҷумлаи санади ҳамкориҳои баландмуддати 20 сола пайгири ва талоши муштарак барои иҷрои муассири ин санадҳоро хостор шуд.